ЗУҲУРОВ ВА ИРМАН БА ЧӢ БЕШТАР ТАВАҶҶӮҲ КАРДАНД?
Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Индонезия бо Раиси Шӯрои минтақавии намояндагони ин кишвар Ирман Гусман мулоқот намуд. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Ҷакарта ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мусоҳибон зимни мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезияро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд. Шукурҷон Зуҳуров зимни ибрози назар, дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия, дар арсаи тиҷорат таъкид намуд, ки рушди равобит дар заминаҳои тиҷорат ва технологияи иттилоърасонӣ барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва парлумони Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, дар бахши густариши саноат, таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ корҳои муҳимро ба анҷом расонидааст. Мавсуф афзуд, ки таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию-тиҷоратӣ ва техникӣ байни Тоҷикистону Индонезия фазои мусоиди ҳуқуқиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш фароҳам меорад. Ш.Зуҳуров сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишварро нокофӣ арзёбӣ намуда, мизони хеле пасти табодули тиҷоратии байни Тоҷикистону Индонезияро нишонаи камтаваҷҷӯҳии мақомоти дахлдори кишварҳои ҳамдигар арзёбӣ кард. Номбурда хостори такони ҷиддӣ додани равобити ду кишвар дар ин замина шуд. Мавсуф ҳамчунин ба масъалаи тақвияти ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои энергетика, саноат, ҷалби сармояи хориҷӣ, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, хостори тавсеаи ин ҳамкориҳо гардид. Раиси Шӯрои минтақавии намояндагони Индонезия Ирман Гусман гуфт, ки Индонезия ва Тоҷикистон дорои муштаракоти диниву мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот пояи асосии барқарорӣ ва густариши равобити гуногунсоҳаи байни кишварҳоямон аст. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Индонезия дар самти фаъолияти парлумони дупалата аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода кунанд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






