ҚОНУНШИКАНИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-17 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ки бидуни қайди зист дар Душанбе зиндагӣ мекардаанд, зимни амалиёти реҷаи шиносномавӣ, ки имрӯзҳо дар қаламрави пойтахт идома дорад, боздошт гардида, нисбати онҳо дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Ба хабаргузории миллии Тоҷикистон «Ховар» аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни амалиёти густурдаи реҷаи шиносномавӣ наздики 4 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, ки дар онҳо беш аз 64 ҳазор шаҳрвандон истиқомат мекардаанд, санҷида шуда, ҳолати қайди зисти онҳо муайян гардидааст. Бахусус, дар ин амалиёт низ вазъи будубош ва қайди зисти 284 нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ санҷида шудааст. Афзалияти бештари ин амалиёт боз дар он аст, ки дар ҷараёни он 15 ҷиноят ошкор шуда, 3 нафар ҷинояткори дар кофтуковбуда, дастгир гардидаанд. Дар маҷмӯъ зимни амалиёти реҷаи шиносномавӣ дар пойтахт 261 нафар шаҳрвандон бо ҷурми вайрон намудани реҷаи шиносномавӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Амалиёти реҷаи шиносномавӣ дар пойтахт дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини амният ва муайян намудани буду боши шаҳрвандоне, ки бе ҳуҷҷати расмӣ дар пойтахт зиндагӣ менамоянд, то 15 феврал гузаронида мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






