ҶУСТУҶӮИ ШАҲРВАНДОНИ БЕҲУҶҶАТ
Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯзҳо дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе амалиёти густурдаи низоми шиносномавӣ идома дорад. Насрулло Хайруллоев муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки чорбинии мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи татбиқи чораҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ба низом даровардани низоми шиносномавию буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ки 31 декабри соли 2010 ба тасвиб расида буд, амалӣ гардонида мешавад. Ҷорӣ намудани низоми шиносномавӣ дар шаҳр ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини амният ва муайян намудани буду боши шаҳрвандоне, ки бидуни ягон ҳуҷҷати расмӣ дар пойтахт зиндагӣ менамоянд, ба шумор меравад, афзуд, Насрулло Хайруллоев. Инчунин, оқилона истифода бурдани нерӯи барқ, оби ошомиданӣ, гази табиӣ ва дигар хизматрасониҳои коммуналие, ки тавассути хатҳои муҳандисӣ ба шаҳрвандон интиқол дода мешавад, аз ҳадафҳои дигари ин амалиёт аст. Ҷиҳати амалӣ гардонидани ин тадбир аз ҳисоби роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ситод созмон дода шудааст, ки роҳбарии онро муовини аввали Раиси шаҳр ба ӯҳда дорад. Дар ин чорабинӣ ҳамзамон, аҳли ҷамоатчигии пойтахт- раисони маҳаллаҳою шаҳракҳо, соҳибмулкони манзил ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанд. Мӯҳлати гузаронидани амалиёти шиносномавӣ дар қаламрави пойтахт, ки аз 15 январ оғоз гардида буд, то 15 феврали соли 2011 идома меёбад. Аз натиҷаи амалиёти низоми шиносномавӣ то 20 феврал ба унвонии Раиси шаҳр ҳисоботи пурра пешниҳод мегардад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






