19% АФЗУДАНИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Солҳои охир дар қаламрави вилояти Суғд соҳаи саноат, бахусус саноати сабук бо суръат густариш ёфта, истеҳсоли мол ва маҳсулоти ниёзи мардум афзудааст. Дар соли сипаришуда нисбат ба соли 2009 дар қаламрави вилоят истеҳсоли қувваи барқ, ангишт, газ, хишти сохтмонӣ, семент, қолинҳо ва маснуоти қолинӣ, матои тайёри пахтагин, либосҳои дӯхташуда, мебел, пойафзол, истеҳсоли нон, гӯшт, орд, панир, оби маъданӣ, оби ҷав, сигарет ва коняк бештар гардидааст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки истеҳсоли маводи ниёзи мардум бо ҳисоби нӯшокиҳои спиртӣ давоми соли 2010-ум 702373,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2009-ум 114354,3 ҳазор сомонӣ ё худ 19,5 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 578150,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс бо соли 2009-ум 92436,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 19 фоиз зиёд мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






