АФЗОИШИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 22, 2011 09:30

   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар соли 2010 теъдоди ташкилотҳои қарзӣ ба 138 адад баробар шуда, 14 бонк, 3 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд ва 44 фонди қарзии хурдро ташкил дод.   Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон то 31-уми декабри соли 2010 афзоиши пасандозҳо нисбат ба соли гузашта 31 фоизро ташкил дода, ба 3,46 миллиард сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 34,4 фоиз зиёд гардида, 1,5 милиард сомониро ташкил дод. Фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16,22 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 14,98 фоизро ташкил намуданд.   Қобили қайд аст, ки нисбат ба соли 2010 фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 7 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,5 банди фоизӣ кам гардиданд.

Январь 22, 2011 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд