БАЛАНДБАРДОРИИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Январь 25, 2011 13:02

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тибқи иттилои аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи нази Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» расида теъдоди захираи кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон айни ҳол дар ҷумҳурӣ 700 нафарро ташкил медиҳад.    Кумита дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ соли гузашта барои 130 нафар занони роҳбар ва лаёқатманди вазорату идораҳо аз захираҳои кадрӣ курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои гуногун баргузор намуд. Ҳамчунин бо мақсади дарёфти мутахассисони беҳтарини хизмати давлатӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе семинари илмӣ-машваратӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар раванди вазифаҳои давлатӣ» доир гардид.   Мавриди зикр аст, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ҳамоҳангсози Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 буда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати худогоҳиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанги пурғановату густурдаи тоҷикон, бахусус, нигоҳдошти тарзи пӯшидани либоси миллӣ, ороиши мӯй ва таъкиди саҳми мардуми мо дар рушду такомули тамаддуни башар корҳои назаррасро ба итмом расонидааст.

Январь 25, 2011 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд