БАЛАНДБАРДОРИИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тибқи иттилои аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи нази Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» расида теъдоди захираи кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон айни ҳол дар ҷумҳурӣ 700 нафарро ташкил медиҳад. Кумита дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ соли гузашта барои 130 нафар занони роҳбар ва лаёқатманди вазорату идораҳо аз захираҳои кадрӣ курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои гуногун баргузор намуд. Ҳамчунин бо мақсади дарёфти мутахассисони беҳтарини хизмати давлатӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе семинари илмӣ-машваратӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар раванди вазифаҳои давлатӣ» доир гардид. Мавриди зикр аст, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ҳамоҳангсози Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 буда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати худогоҳиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанги пурғановату густурдаи тоҷикон, бахусус, нигоҳдошти тарзи пӯшидани либоси миллӣ, ороиши мӯй ва таъкиди саҳми мардуми мо дар рушду такомули тамаддуни башар корҳои назаррасро ба итмом расонидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






