БОЛОРАВИИ НАРХ ПЕШГИРӢ МЕГАРДАД

Январь 5, 2011 11:13

   Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). –Бо мақсади пешгирии баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ бо супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳисоби буҷаи шаҳр барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ аз деҳқон маблағи муайян ҷудо гардид.   Тибқи супориши шаҳрдорӣ, роҳбарияти бозорҳои шаҳр вазифадор гардиданд, ки маблағи аз буҷаи шаҳр ҷудошударо барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ истифода намуда, нархро дар бозорҳои пойтахт то 30 фоиз коҳиш диҳанд.   Айни замон, бо супориши шаҳрдорӣ комиссияи депутатии шаҳрӣ оид ба худсарона боло бурдани нархи маҳсулот дар бозорҳои шаҳр назорат мебарад. Гурӯҳи депутатӣ нафақат нархро дар бозор танзим менамояд, балки назорати нархгузориро ба тарзи доимӣ ба роҳ монда, ба шаҳрдорӣ дар давоми ҳар ҳафта аз кори анҷомдода ҳисобот медиҳад. 

Январь 5, 2011 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд