БУНЁДИ «ОЛИМ-ТЕКСТАЙЛЗ» ДАР МАСТЧОҲ

Январь 27, 2011 14:11

    Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли 2011 халқи тоҷик санаи муҳими таърихии миллии хеш — 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунад. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ин санаи бузурги умумиллӣ нақшаи чорабиниҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати мамлакат тасдиқ шуд, ки бо анҷом додани онҳо ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифта хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар қаламрави вилояти Суғд ба ин муносибат зиёда аз 200 иншооти ҷашнӣ бовусъат бунёд ёфта истодаанд, ки дар арафаи ҷашн мавриди истифода қарор мегиранд.   26 январи соли ҷорӣ дар доираи боздид аз иншооти ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ омада, дар мавзеи «Гулистон»- и ноҳия аз рафти бунёди фабрикаи ресандагии «Олим — текстайлз», ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат бунёд шуда истодааст, шинос шуд.   Дар иншоот то имрӯз 90 фоизи корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расида, айни ҳол насбкунии таҷҳизоти истеҳсолӣ босуръат идома дорад. Дар коргоҳи мазкур таҷҳизоти истеҳсолии пешқадамтарини олмонӣ, ки ба ширкати машҳури «Текстима»-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон тааллуқ доранд, насб гардида, ҳамзамон барои шинонидани онҳо ва бозомӯзии кадрҳои маҳаллӣ мутахассисони ин давлат даъват шудаанд.   Маблағ барои таҷҳизот, воридот, насб ва омӯзиш, ки аз ҷониби бонки Авруосиё ба таври кредит пешниҳод гардидааст, 22 миллиону 570 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.    Дар мавриди ба фаъолият шурӯъ кардан, коргоҳ метавонад 450 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд ва ин барои бо кор фаро гирифтани занону духтарони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.   Дар навбати аввал фабрикаи мазкур ба истеҳсоли ресмон машғул шуда, иқтидори солонаи он коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта мебошад. Дар оянда бо ба кор даровардани сехҳои иловагӣ дар ин фабрика, ҳамчунин, истеҳсоли ҷӯроб ва либосҳои мардонаю занона ба роҳ монда хоҳад шуд.   Раиси вилоят зарурати таъсиси ин корхонаро дар ноҳияи Мастчоҳ саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд. Зеро Мастчоҳ ноҳияи калони пахтакорӣ буда, корхона метавонад бо ашёи хоми худӣ таъмин бошад. Аз ҷониби дигар, фаъолияти корхона барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва даромади буҷети ноҳия мусоидат карда, ҳамчунин, содироти маҳсулот метавонад ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат расонад. Илова бар ин, ҷалби технологияи навтарину замонавӣ дар истеҳсолоти фабрика, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа бемисл аст, имкон медиҳад то маҳсулоти дорои сифати баланд – мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол гардад. 

Январь 27, 2011 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд