ФАРОВОНИИ НАМАКИ ОШӢ ДАР ВОСЕЪ
Восеъ, 21 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Восеъ нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО баргузор гашт. Султон Валиев раиси ноҳия аз натиҷаи ҷамъбасти яксолаи тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия маълумот дода гуфт, ки нақшаи даромади буҷа дар соли 2010 – ум 100, 5 фоиз таъмин гардид. Ба гуфти манбаъ ба буҷа 9411,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, нақшаи пардохтҳои ҳатмии ҳифзи иҷтимоӣ 111,7 фоиз таъмин гардид. Инчунин дар нишаст зикр гардид, ки кормандони соҳаи саноати ноҳия дар ин давра ба маблағи 72308 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2009 – ум 5109,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар соли сипаригардида дар ноҳия 4680 тонна пахта, 210 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 14600 тонна орд, 601,8 тонна равғани растанӣ, 28030 тонна намаки ошӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






