ХАТМКАРДАГОНИ КОЛЛЕҶИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Таъмини бехатарии парвозҳо ва пешкаш намудани хизматрасониҳои марбут аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» пеш аз ҳама аз шаклу тарзи ташкили фаъолият ва шароитҳои он вобаста аст. Аз ин хотир дар муассиса аз ҷониби маъмурият дар фосилаи ҳисоботӣ корҳои беҳтаргардониву ҳавасманкунӣ анҷом дода шуд. Бахусус яке аз дастовардҳои назаррас ин таҳия ва ба имзо расонидани Шартномаи коллективӣ байни маъмурияти КВД «ТАН» ва Иттифоқи касабаи муассиса (19 феврвли соли 2010) мебошад, ки барои тамоми ҳайати кормандон як қатор имтиёзҳои ҳавасмандкуниро фароҳам оварда, ҳамчунин маҳсулнокиву сифатнокии корро афзуд,- иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов. Инчунин бо мақсади татбиқи барномаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ музди маоши кормандони муассиса мавриди бозомӯзӣ қарор гирифта, аз 20 то 40 фоиз зиёд шуд. Бинобар зарурияти истеҳсолӣ 37 нафар мутахассисони соҳаҳои мухталиф ба кор қабул шуданд, ки 15 нафарашон хатмкунандагони коллеҷи Қирғизистон мебошанд. Дар ҳамин давра дар сохторҳои муассиса бо сабабҳои мухталиф 9 нафар аз вазифаҳояшон барканор гардиданд, гуфт дар хотима А.Мақсудов.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






