ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОН ЗИЁД ШУД

Январь 17, 2011 10:24

   Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо вуҷуди он ки конфронси матбуотӣ 20 дақиқа аз вақти муқаррарӣ дертар оғоз ёфт, вале саволу ҷавоби журналистон бо мутасаддиёни ташкилоту корхонаҳои шаҳри Ваҳдат ва рорҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи баланди касбӣ сурат гирифт.  Маълум гардид, ки дар давоми соли 2010 аз тарафи ҳамаи ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 33 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда аст. Аммо танҳо маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути бонкҳои шаҳри Ваҳдат аз хориҷи кишвар интиқол ёфтааст 447 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2009 85 млн. сомонӣ зиёд аст.   Ба саволи хабарнигори АМИТ«Ховар» дар бораи он ки — Беҳтар нест, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дифо карда шуда, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд карда шавад, то ки ҳам маблағҳои калон ба даст ояду ҳам рӯзгори мардум беҳтар гардад? Раиси ноҳия Анвари Вайсиддин ҳаминро илова намуд, ки интиқоли маблағи муҳоҷирон ба ҳар як сокини ноҳия 1594 сомонӣ ва ба ҳар як хоҷагии аҳолӣ 11 ҳазору 933 сомонӣ рост меояд, ки он нисбат ба соли 2009 85 млн. сомонӣ зиёд аст.   Боис ба ёдоварист, ки маблағи истеҳсол намудаи ҳамаи ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар соли 2010 нисбат ба маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ 14 маротиба камтар аст. 

Январь 17, 2011 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд