КОНИ АНГИШТИ САНГҒАЛТ ФАЪОЛ ШУД
Варзоб, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Соли гузашта 6 корхонаи саноатии ноҳия ба маблағи 65 миллиону 582 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 25 миллиону 176 ҳазор сомонӣ зиёд аст,-иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб Неъматулло Сафаров. Аз ҷумла, кони ангишти Сангғалт хубтар фаъолият намуд ва ба маблағи 3957 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 1865 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия баҳри муҳофизат ва сарсабзии дарахтони ҳудуди ноҳия корҳои намоёнро иҷро намуданд. Онҳо 150 гектар майдони ҷангалро хуб муҳофизат карда, 23 гектар ҷангалро барқарор карданд. Алҳол дар ниҳолхонаи хоҷагии ҷангал зиёда аз 42 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун мавҷуд аст.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






