КОРХОНАҲОИ БЕКОР БА КӢ ДАРКОР ?
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи декабри соли 2010 279 корхона дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кор накард,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ҷумлаи корхонаҳои азкормонда дар вилояти Хатлон ҶММ «Консерва», «Нури Дилшод», КМ «Азот», ҶСШК «Шариф», «Орди Ғозималик», «Кӯҳандиз», дар вилояти Суғд ҶММ «Гулистон», «Бародар», ҶСК «Лаъл», ҶСП «Зуҳал», дар шаҳри Душанбе ҶММ «Шоҳона», «Строй — Вин», «39 параллел», «Хиштрез», «Авитсенна», «Рахш плюс», дар ВМКБ ҶСШК «Хуҷаназар», КМ «ВТ — Помир», ва боз даҳҳо корхонаҳо дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ваҳдат, Варзоб, Рашт дохил мешаванд. Роҳбарони ин корхонаҳо таъкидҳои пайвастаро дар бораи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳ сохтани шароити кору зиндагии мардум фаромӯш кардаанд ва ё лаёқати ташкили корро дар ин корхонаҳо надоранд. Саволи матраҳ он аст, ки бо маблағи зиёд сохтани корхона ва фаъолият накардани он ба кӣ даркор аст?








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






