МО ДАР ИҶРОИ ҚАРОРҲО ВАЗИФАДОРЕМ

Январь 21, 2011 11:41

    Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори генералии корхонаи воҳиди давлатии( КВД) «Хоҷагии мазилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов, бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 – юми марти соли 2010 баҳри омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010 – 2011 2 ҳазору 11 корхонаи тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.     Ба гуфти А. Тағоймуродов, дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2010 13 ҳазор метр қубурҳои оби ошомиданӣ, 79 ҳазор метри мураббаъ роҳу роҳравҳо, 37 ҳазор метр хатҳои барқ таъмир карда шуданд. Дар ин муддат, ҳамчунин 1739 метри кубӣ дару тирезаҳо таъмиру шишабандӣ ва 182 адад таҳхонаҳоро аз об тоза намуданд.   КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи қувваи барқ» 4 ҳазору 80 адад лампаҳои тафсонро дар соҳаи манзилию коммуналӣ ба лампаҳои каммасраф иваз намуда, қувваи зиёди барқро сарфа намуд.   Мо дар иҷрои қарору фармонҳои роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадорем ва иҷрои ҳар як фармону қарор боиси беҳбудӣ дар ҳаёти мардуми кишвар хоҳад шуд,- гуфт А. Тағоймуродов.

Январь 21, 2011 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ