МУСОДИРАИ ҲАҶМИ ЗИЁДИ МАВОДИ НАШЪАДОР
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи мазкур шаҳванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шермуҳаммад валади Ёсинро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков аз дохили борхалтаи номбурда мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ташхиси криминалӣ 54 килограмму 200 грамм маводи нашъадори навъи бангдона, 4 килограмму 75 грамм ҳашиш, 7 килограмму 645 грамм героин, 1 килограмму 300 грамм афюн, ки дар маҷмӯъ вазни умумиашон 67 килограмму 645 граммро ташкил дод, ёфт ва мусодира шуд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






