МУСОДИРАИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР ХАТЛОН

Январь 12, 2011 13:51

    Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 5 килограмму 105 грамм маводи нашъаовар ёфт ва мусодира гардид.      Тавре аз маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарбдор, истиқоматкунандаи деҳаи Зарбдори ҳамин ҷамоат Сайнуриддин Юнусовро дастгир намуданд.    Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии номбурда аз дохили як халтаи полиэтиленӣ 3 килограмму 65 граммм ҳашиш ва 2 килограмму 40 грамм бангдона ёфт ва мусодира шуд.    Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Январь 12, 2011 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд