РӮЗИ ЯГОНАИ АХБОР ДАР СУҒД
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Дар 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд тибқи нақша Рӯзи ягонаи ахбор бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, олимону устодони мактабҳои олӣ, адибон, рӯзноманигорон, занону ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи барқияи ирсолшуда бо иштироки намояндагони мақомот ва тарғиботчиёни маҳаллӣ гузаронида шуд. Дар мулоқоту вохӯриҳо тарғиботчиён оид ба дастовардҳои соли 2010, ки аз ҷониби Сарвари давлат Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардида буд, бо мардум ошкоро сӯҳбат намуданд. Ҳамчунин тарғиботчиён шунавандагонро бо рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, ба иштироки фаъолона дар озмунҳои вилоятии «Шаҳр (ноҳия)-и беҳтарин», «Мутахассиси беҳтарин» даъват намуданд. Аз ҷониби аҳли ҷомеа нисбат ба сиёсати имрӯзаи давлат, рушди иқтисодии мамлакат қаноатмандӣ изҳор гардид. Дар рафти сӯҳбатҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ба масъулини шаҳру ноҳия супориш дода шуд, ки таклифҳои пешниҳод шударо омӯхта, ба сохторҳои дахлдор ирсол намоянд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






