РӮЗНОМАИ ШАҲРӢ ҒОЛИБИ ОЗМУН
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рӯзномаи шаҳрии «Паёми Душанбе» ғолиби озмуни нашрияи беҳтарини «Соли 2010-соли маориф ва фарҳанги техникӣ» гардида, ба маблағи 2500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд. Сардабири рӯзнома Мухбирҷон Кенҷаев бо нишони «Аълочии ифтихории маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва хабарнигорони рӯзнома Ҷамоли Абдулҳай ва Нигора Азимова бо «Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардиданд. Зинаи дуюм ва сеюми озмунро нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» сазовор гардида, бо 1500 ва 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд. Абдуҷаббор Раҳмонов вазири маорифи ҷумҳурӣ дар маросими тантанавӣ тамоми ғолибону иштирокдорони озмунро табрик намуда, ба онҳо мукофоту ифтихорномаҳои озмунро супорид. Мавриди зикр аст, ки озмуни нашрияи беҳтарин бахшида ба «Соли 2010- Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илму маорифи кишвар дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси вазорати маорифи кишвар ташкил ва гузаронида шуд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






