САДО АЗ ДУ ДАСТ АСТ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли 2010 сохторҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бо 10 ҳазору 525 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои таъмин намудани 518 ҳазору 684 гектар майдон бо об шартнома ба имзо расониданд. Тибқи дархости обистифодабарандагон вазорат дар ҳаҷми 4 млрд. метри кубӣ бо арзиши 79 млн. 750 ҳазор сомонӣ хоҷагиҳоро бо об таъмин намуд,- хабар доданд аз вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар». Вазорати мазкур ўҳдадориҳои худро оид ба обрасонӣ дар назди обистифодабарандагон иҷро намуда бошад ҳам, вале аз ҷониби обистифодабарандагон, бахусус, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳаққи обрасонӣ ҳамагӣ ба маблағи 37 млн. 300 ҳазор сомонӣ ё ин ки 47 фоиз пардохт шудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли ҷорӣ 42,5 млн. сомонӣ ва қарзи умумӣ бо назардошти солҳои гузашта 227 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Пас, аз обистифодабарандагон пурсида мешавад, ки дар соли 2011 Вазорати мелиоратсия пойгоҳҳои обкаширо бо кадом маблағ ба кор омода созад то ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об таъмин шаванду ҳам вазорат техникаи обрасонии худро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ дорад? Чунонки дар урфият мегўянд: «Садо аз ду даст бармеояд».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






