СОКИНОНИ АТРОФИ НАВРӮЗГОҲРО КУҶО МЕКӮЧОНАНД?
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 200 хона воқеъ дар гирду атрофи Наврӯзгоҳи шаҳрӣ /собиқ Иподдром/ кӯчонида мешаванд. Бояд зикр кард, ки Наврӯзи соли 2011 дар Душанбе дар сатҳи байналмилалӣ ва бо ҳузури меҳмонони баландпояи кишварҳои хориҷи дуру наздик доир мегардад, зеро соли гузашта бо Қарори Ассамблеяи генералии СММ Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардида буд. Сайвалӣ Сафаров муовини масъул ба бахши иқтисоди раиси шаҳри Душанбе 20 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ин табдир дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳр амалӣ гардонида мешавад. Мавсуф афзуд, ки шаҳрдории Душанбе дар мавриди бартараф кардани иншоот ба ягон қонуншиканӣ ҳаргиз роҳ намедиҳад. Агар ягон зарар пеш ояд, тибқи талаботи қонунгузории кишвар ҷуброн мешавад. Назар ба гуфти Сайвалӣ Сафаров дар навбати аввал сокинони 57 хона кӯчонида шуда, ба онҳо дар асоси талаботи қонунгузории кишвар хонаҳои баробарарзиш дода мешаванд. Раванди кӯчонидани соҳибмулкон ва тақсимоти манзил ба онҳо аз ҷониби маркази баҳодиҳии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки мақоми ваколатдор аст, баҳогузорӣ мешавад. Инчунин, ҳуҷҷатҳои соҳибмулкон аз ҷониби прокуратураи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ мавриди омӯзиш карор дода мешаванд. Шаҳрвандоне, ки аз маҳали атрофи Наврӯзгоҳи шаҳрӣ кӯчонида мешаванд, онҳо дар кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Ҷомӣ ва маҳаллаи Зарафшон бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин мегарданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






