СОЛЕ, КИ СУҒДИЁНРО СОҲИБИ 2055 МЕДАЛ КАРД

Январь 11, 2011 11:28

   Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2010 ҷиҳати ташкилу баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешид.   Дар натиҷа соли 2010 варзишгарони вилоят дар 45 мусобиқаи вилоятӣ, 60 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 26 мусобиқаи байналмилалӣ бо муваффақият иштирок намуданд.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои вилоятӣ 406 медали тилло, 361 медали нуқра ва 512 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 241 медали тилло, 179 медали нуқра ва 262 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ 7 медали тилло, 8 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ, дар чемпионати Осиё 14 медали тилло, 13 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ ва дар чемпионати ҷаҳон 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд.      Умуман, варзишгарони вилоят дар соли 2010 сазовори 2055 медал гаштанд, ки ин дастовард нисбат ба соли 2009-ум 950 медал зиёд мебошад.

Январь 11, 2011 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд