ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСҲОИ ГУМРУК ВА ҶАНГАЛ

Январь 17, 2011 13:49

  Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 17 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.  Аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» муҳокима гардиданд.  Аъзои Шӯро, ҳамчунин, масъалаҳои ворид намудани тағйирот ба Кодексҳои мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гумруку ҷангалро баррасӣ карданд.   Ҳадафи ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонунҳо такмил ва мутобиқ намудани онҳо ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ аст.

Январь 17, 2011 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад