ТАТБИҚИ АМАЛИЁТИ «ОБ БАРОИ ҲАЁТ» ЧӢ ГУНА АСТ?
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», директори генералии он Алимурод Тағоймуродов аз фаъолияти даҳҳо корхонаҳои коммуналии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ намуд. Ба гуфти А.Тағоймуродов корхонаҳои соҳаи обу корез бо истифода аз имкониятҳои худ дар доираи 10- солаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) оид ба татбиқи «Барномаи беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ барои солҳои 2007 -2020», ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2-юми декабри соли 2006 тасдиқ шудааст, то имрўз корҳои зиёдро анҷом доданд. Дар иҷрои барномаи мазкур корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Хуросон, Ашт, Панҷакент, Ҳисор, Нуробод ва ҳамаи корхонаҳои коммуналии ВМКБ, ба ҷуз корхонаи обу корези шаҳри Хоруғ саҳми назаррас гузоштанд. Аммо дар баробари чунин як пешрафт, боиси таассуф аст, ки корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Мўъминобод, Шўрообод, Панҷ, Данғара, Ёвон, Қубодиёни вилояти Хатлон, шаҳракҳои Қуруқсой ва Меҳнатободи ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Мастчоҳи кўҳӣ, Айнӣ, шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Б.Ғафуров, Табошари вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияҳои Шаҳринав, Рўдакӣ, Турсунзода, Ваҳдат дар самти иҷрои барнома ба хунукназарӣ роҳ дода, амалӣ шудани барномаро зери суол бурдаанд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






