«ТОҶИКСУҒУРТА»: РАҚОБАТ ПУРЗӮР МЕГАРДАД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Рақобат дар бозори суғуртаи Тоҷикистон рӯз то рӯз вусъат мегирад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки фаъолиятро дар самти ҷалби мардум ва саривақт пардохт намудани маблағи ҷуброни зарар пурзӯр намоем, то боварӣ ва ҳавасмандӣ бештар гардад», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ, 14 январ раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов. Ӯ афзуд, ки Ширкати «Тоҷиксуғурта» дар давоми соли 2010 аз рӯи 36 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонид, ки аз онҳо 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 23 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Дар ин муддат бо 1 миллиону 67 ҳазору 800 шахсони воқеиву ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ баста шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14,2 ҳазор шартнома зиёд мебошад. Дар муддати соли 2010 аз рӯи ҳама намудҳои суғурта 44 миллиону 744 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишуда 127 фоиз иҷро шуд. Пардохтҳои дар соли 2010 воридгардида нисбат ба соли 2009-ум 6 миллиону 901 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» дар соли 2010 ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 10 миллиону 513 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар талофӣ намудааст.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






