ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БАРОИ 300 НАФАР
Шаҳринав, 25 январ.(АМИТ«Ховар»Ҳотам Рабиев).-Бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 17 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешавад,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Раҳматуллои Пӯлод. Тибқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия сохтмони бинои мактаби миёнаи рақами 6 дар деҳаи Қизилбайрақ идома дорад. Корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби миёнаи рақами 7 ва литсей барои 240 нафар хонандагони болаёқат дар маркази ноҳия, мактаби нав барои 320 нафар хонанда дар деҳаи Дурманбулоқ ба анҷом расид. Дар ноҳия сохтмони чанд варзишгоҳ ва толорҳои варзишӣ дар нақша аст. Аз ҷумла, бо кӯмаки соҳибкор Ҷӯрабек Сафаров толори варзишӣ барои сесад нафар сохта мешавад. Соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 131 гектар боғу токзори нав бунёд шуд. Айни ҳол кишоварзони ноҳия баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар масоҳати 2918 гектар шудгори босифат гузаронида, кишту кори зироати кишоварзиро идома дода истодаанд. То имрӯз дар масоҳати 748 гектар гандум, 37 гектар сабзавот (пиёзи барвақтӣ) кишт шудааст.








Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






