«УҚОБЧА» — МАҶМААИ СОЛИМГАРДОНИИ КӯДАКОНУ НАВРАСОН
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони маҷмааи солимгардонии кӯдакону наврасони «Уқобча» бо суръат идома дорад, ки он дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Маҷмааи солимгардонии «Уқобча» барои 240 нафар истироҳаткунандагон пешбинӣ шуда, дар масоҳати 5,6 гектар бунёд мегардад. Иншооти фароғатии мазкур аз бинои маъмурӣ, 6 хобгоҳ, ошхона, маҷлисгоҳ, утоқҳои компютерӣ, китобхона, ҳавзҳои шиноварӣ барои кӯдакону наврасон ва калонсолон, ҳавзи сунъӣ дар масоҳати 1400 метри мураббаъ ва ҳавзи зимистона, майдонҳои футбол, теннис, баскетболу волейбол ва бадминтон иборат буда, бо маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ сохта мешавад. Ҳамчунин, дар бинои маъмурии урдугоҳи наврасон утоқҳои тиббӣ созмон дода мешаванд. Мавриди ёдоварист, ки баҳри саривақту босифат ва дар муддати муайянгардида бунёд гардидани ин маҷмаа тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз буҷети вилоятӣ 7120 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Алҳол 7 ширкати сохтмонии вилоят, аз ҷумла ҶДММ «ИС-7»-и шаҳри Хуҷанд, «Хуҷандстрой», «Хуҷандсохтмон-1», «Ҳунарманд», «Стройкомплекс» ба бунёди ин иншооти замонавӣ машғуланд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 20 январи соли ҷорӣ раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти сохтмони маҷмааи солимгардонии «Уқобча» дидан карда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, муҳайё намудани шароити хуби истироҳат барои наврасону ҷавонон, зебо ва дилкаш намудани муҳити зисти атроф, шинонидани дарахтони ороишӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






