ЗАН ВА МАРД ТО КУҶО БАРОБАРАНД?

Январь 20, 2011 16:59

    Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Проблемаҳои баробарҳуқуқӣ дар Тоҷикистон: муколамаи занони ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва пешвоёни дин» дар моҳҳои март ва апрели соли 2011 дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Қурғонтеппа семинарҳои дурӯза баргузор мегардад.    Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази маърифати гендерӣ ва кӯмаки молиявии сафорати Шоҳигарии Норвегия дар Остона, гузаронида мешавад. Тибқи иттилои София Қосимова роҳбари лоиҳаи маърифати гендерӣ дар ҷараёни семинарҳо масъалаҳои марбут ба баробарҳуқуқии зан ва мард дар ҷомеаи Тоҷикистон, иштирок дар арсаи сиёсат ва корҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо дар доираи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва қонуни ислом- шариат, муносибатҳои баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеаи мусулмонҳо ва зарурати таҷдиди он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон баррасӣ мегарданд. Интизор меравад, ки дар ин нишастҳо намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ба мисли Кумита оид ба корҳои дин, оид ба корҳои занон, мақомоти марбутаи шаҳрҳо ва ходимони динӣ иштирок менамоянд.

Январь 20, 2011 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш