ҚОНУНЕ, КИ ТЕРРОРИЗМРО ҶИЛАВГИРӢ МЕНАМОЯД

Февраль 17, 2011 15:23

    Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардид.   Масъалаи мазкурро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов тавзеҳ дода гуфтанд, ки қонун аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст. Қонун назорати гардиши маблағҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардашуда ва пешгирии маблағгузории терроризм, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат бо фароҳам овардани механизми ҳуқуқии мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро ба танзим медарорад.   Қонуни мазкур барои кушодани ҷиноятҳо, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.

Февраль 17, 2011 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд