АЗХУДКУНИИ МАБЛАҒИ ДИГАРОН
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 7 феврали соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Акмал Ҳасановро дастгир намуданд. Номбурда дар вазифаи директори генералии ширкати ҶДММ «Парвози Озод» фаъолият намуда, бо ширкати ҶДММ «Содот Транстур» шартномаи субагентӣ баста, моҳи марти соли 2009 ба маблағи 38 ҳазору 642 сомонӣ ва моҳи апрели соли 2008 ба маблағи 49 ҳазору 119 сомонӣ чиптаҳои ҳавопаймоии ширкати ҶДММ «Содот Транстур»-ро ба фурўш гузошта, аз ин маблағҳо 56 ҳазору 101 сомонӣ ба ширкати номбурда пардохт намудааст. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, боқимонда маблағи 25 ҳазору 763 сомониро аз хазинаи ширкат ба тариқи нақдӣ қабул намуда барои эҳтиёҷи худ сарф намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






