САҲМИ LG INTERNATIONAL ДАР ОМӮЗИШИ ИМКОНИЯТҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбари Намояндагии LG International дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ким Генг Хо мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот Ким Генг Хо оид ба имкониятҳои ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҷрибаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайн дар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ, ба монанди Қазоқистон ва амсоли инҳо маълумот дод. Қайд гардид, ки ширкати LG International дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар самтҳои тақсимот ва идораи гардиши қувваи барқ, тозакунии обҳои шориданӣ дар шаҳру ноҳияҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ (шаҳрӣ) ва ғайра бо роҳи азнавкунӣ ва ё бунёди иқтидорҳои нав бо усули ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ самаранок фаъолият дорад, ки ҷиҳати афзоиш ёфтани самаранокӣ, фоиданокӣ ва шаффофият фаъолияти самтҳои дар боло зикршуда мусоидат менамояд. Дар баробари ин, Ким Генг Хо ҳавасманди ширкатро оид ба баррасии лоиҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои ҳамкории эҳтимолии минбаъдаро изҳор намуд. Дар навбати худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндаи LG International оид ба фазои сармоягузорӣ, бартариву сабукиҳои барои сармоягузорон пешниҳодшаванда маълумот дода, ба онҳо дискҳои сармоягузориро, ки дар худ маълумоти муфассал оид ба қонунгузориии ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, манбаи иттилоотии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузории мамлакат ва дигар маълумоти зарурӣ барои сармоягузоронро таҷассум мекунад, тақдим намуд. Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷа ҷонибҳо оиди ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ҳавасмандии тарафайнро изҳор намуда, зикр намуданд, ки баъд аз омӯзиш ва баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби мутахассисони ширкат ҷиҳати татбиқи лоиҳаи судманд хулосаи ниҳоии онҳо ирсол мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






