«ФОРУМ – БИЗНЕС»-И ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Аз 6-ум то 8 –уми апрели соли 2011 дар муҷтамаи Кохи Борбади шаҳри Душанбе дуюмин намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ — тиҷоратӣ баргузор мегардад. Дар баробари баргузории намоишгоҳ, ҳамчунин, гузаронидани форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он дар рӯзи дуюми ин намоишгоҳ 7 –уми апрел дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» доир мегардад. Боиси тазаккур аст, ки чун дар форуми аввала иштироки беш аз 400 нафар соҳибкорон аз 20 давлати ҷаҳон дар назар аст. Дар намоишгоҳ соли ҷорӣ масолеҳи сохтмонӣ, мошинолот ва таҷҳизот, маҳсулоти пластикӣ, косметикӣ, собун, маҳсулоти хӯрокворӣ, мебел, қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, мошинҳои хоҷагии кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ бо дастгирӣ ва мадади Ҳукумати ҶТ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Иттиҳоди соҳибкорони Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати ИДМ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






