ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ТАҶДИДИ НБО-И ҚАЙРОҚҚУМ САҲМ МЕГУЗОРАД
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва саноат сӯҳбат анҷом дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар лоиҳаи барқароркунии бахши энергетикӣ барои иваз намудани ҳисобкунакҳои электрикӣ ва таҷдиди НБО-и Қайроққум саҳм мегузорад. Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ оид ба ҳолати кунунии соҳаи энергетика ва саноат, хатҳои интиқоли барқи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва бунёди НБО-и хурду калон ибрози назар намуд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд. Итиллои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дастрас гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






