Дар Душанбе филиали Донишгоҳҳои британӣ кушода хоҳад шуд
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари гурӯҳи парлумонии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Лорд Вейверли самтҳои афзалиятноки ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир матраҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод.Раиси Маҷлиси миллӣ М. Убайдуллоев саҳми Лорд Вейверлиро дар густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир муассир арзёбӣ намуд. Лорд Вейверлӣ зикр сохт, ки сафари анҷомдодаи Раиси Маҷлиси миллӣ ба Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон дар парлумони ин кишвар ва сохторҳои ҳукумативу бахши хусусӣ самараи дилхоҳ дода, барои ҳалли масъалаҳои зимни сафар матраҳ гардида корҳои мушаххас роҳандозӣ шуданд. Мавсуф паёми шодбошии Спикери Палатаи Лордҳо Баронесса Де Зура ва Спикери Палатаи Обшин Ҷон Берковро унвонии Маҳмадсаид Убайдуллоев баён дошта, зикр сохт, ки дар доираи сафари мазкур мувофиқ ба мавқеъгириҳои Тоҷикистон, масъалаҳои ҷалби сармояҳои Британияи Кабирро дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, ифтитоҳи филиали донишгоҳҳои олӣ ва инчунин таъсиси литсейҳои тоҷикиву британиро дар Тоҷикистон матраҳ хоҳад кард. Ҳамзамон, Лорд Вейверли афзуд, ки бо истифода аз ваколаташ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, башардӯстона ва густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ тадбирҳои судмандро анҷом хоҳад дод. Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мурр, ки дар мулоқот ҳузур дошт, таъкид кард, ки дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон Ҳукумати Британияи Кабир баррасии созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадрдонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, парҳез намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро дар аввали соли 2012 тарҳрезӣ кардааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷонибдорӣ аз иқдоми пайгиришаванда зикр сохт, ки таъсиси литсейҳо ва филиали донишгоҳҳои британӣ бо омӯзиши забони англисӣ ҷавобгӯи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон аст. Дар робита ба ин бобати омӯзиши мукаммали масъалаҳо гурӯҳи мушаххаси корӣ аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки дар Маҷлиси миллӣ фаъолияташро идома хоҳад дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






