Деҳаи Родмардони Бузург
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар масофаи 8 км. дуртар аз маркази ноҳияи Рашт деҳаи Шул ҷойгир шудааст, ки он бо олимону шоирон, сиёсатмадорону санъаткорон, табибону дигар равшанфикронаш маълуму машҳур аст. Деҳаи мазкур зодгоҳи шасони таърихӣ ба мисли Нусратулло Махсум, Эшони Аълам, Махсуми Акбаршо, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Манзар Шарипов, Ҷӯрақул Раззоқов, Меҳмон Бахтӣ, Холназар Муҳаббатов ва даҳҳо номзадҳои дигари илм мебошад. «Духтури дараҷаи олии роҳбарикунандаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии соҳаи тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ» Мусаябшоҳ Умаров низ зодаи ҳамин деҳаи овозадор аст, ки имсол 70 сола мешавад. Мусаябшоҳ Умаров 44 соли ҳаёти худро дар хизмати халқу ватан сарф карда, соли 1967 ҷонишини сардухтур ва аз соли 1969 сардухтури беморхонаи ноҳияи Рашт шуда кор кардааст. М.Умаров дар 22 соли аввали фаъолияташ беморхонаҳои минтақавии Ҳоит, Тоҷикобод, Лангари Шоҳ, Ярҳаб, Аскалону, Қалъаи сурх, Ялдамич, беморхонаҳои Фурудгоҳи ҳавоӣ, Дуоба ва беморхонаи дуошёнаро дар маркази ноҳияи Рашт бунёд намуда, ба истифода додаст. Дар давоми 44 соли фаъолияти худ М.Умаров шумораи бунгоҳҳои тиббиро аз 11 ба 39 адад ва шумораи катҳои беморонро аз 111 ба 290 –то расонидааст.Мусаябшоҳ Умаров баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон бори дуюм ба беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум ба ҳайси сардухтур ба кор фиристода шуд ва то имрӯз дар ин беморхона ба вазифааш сазовор хизмати халқу ватанашро баҷо оварда, ба ҷони ҳазорон бемор даво бахшидааст. Беҳуда нест, ки дар ҳаққи чунин одамон халқ гуфтааст: — Зиҳӣ фарзанде, ки умри худро баҳри ободию зиндагии дигарон сарф кардаӣ!








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






