ИРОАИ ПАНОГОҲ ДАР ҲОЛАТИ ИЗТИРОРӢ
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯзҳо дар ноҳияи Варзоб давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи «Ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё пас аз офат» идома дорад. Ҳадафи чорабинии мазкур баланд бардоштани иқтидори Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ироаи паноҳгоҳ ва эҳё пас аз офат мебошад. Чорабинӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи барномаи ДИПЕКО VI роҳандозӣ мешавад. Дар давраи омӯзишӣ бист узви гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ аз ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, ва ҳамчунин, Салиби Сурхи Маҷористон иштирок доранд. Мутахассиссони ботаҷриба аз Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давраи омӯзишӣ даъват шудаанд. Эрик Мишел-Селлиер, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд:- интизории нахустин аз давраи омӯзишии мазкур ин аст, ки иштирокдорони он дар маҳалли фаъолияти худ дар вазъияти фавқулодда тавонанд ба зудӣ масъалаи пешниҳоди паноҳгоҳи муваққатӣ ва эҳёи аввалияро бо истифода аз имконоти маҳаллии вокуниш роҳандозӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ тайёрии махсуси аъзои Гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ (RDRT) дар ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё ҳамчунин, иқтидори ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари давлатҳои Осиёи Марказиро дар масъалаи вокуниши саривақтӣ ва муассир ба офатҳои табиӣ боло мебарад». Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози минтақавии ФБҶ СС ва ҲА, дар масъалаҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ, мегӯяд, ки давраи махсуси панҷрӯза ба иштирокдоронаш имкон медиҳад, то аз раванди комил ва аҳаммияти ироаи саривақтии паноҳгоҳи муваққатӣ огоҳ бишаванд. Мавсуф афзуд, ки иштирокдорон асосҳои харитасозӣ ва таҳлили вазъ дар ҳолати изтирориро омӯхта, бо усулу қоидаҳои гуногуни оғози фаъолият дар самти эҳёи аввалия пас аз офат шинос хоҳанд шуд. Давраи омӯзишӣ то 9 июли соли равон идома меёбад.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






