Мактабиён забони англисӣ меомӯзанд

Июль 15, 2011 13:57

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Наврасони шаҳри Душанбе ва атрофи он тайи соли ҷорӣ дар Маркази маърифатии «Мултикид» бо роҳбарии муаллимаи дорои мартабаи ҷаҳонӣ Нурия Кабрера сарфу навҳи забони англисиро омӯхта, ҳоло дар курсҳои такмили нутқи шифоҳӣ дарс мехонанд. Мақсади асосии ин машғулият баланд бардоштани малакаи нутқи шифоҳии наврасон ва рафъи монеаҳои гуфтор ба забони англисӣ мебошад. Машғулият басо шавқовару ҷолиб мегузарад, зеро муаллима ҷиҳати муҳокима мавзӯҳоеро интихоб менамояд, ки барои хонандагон душвориҳо эҷод намекунанд. Ғайр аз ин, наврасон дар рафти машғулият ба муаллимаашон Нурия Кабрера аз диёри худ — Тоҷикистони азизашон нақл мекунанду муаллима дар навбати худ ба бачаҳо аз ҳаёти мардуми Испаниё ва кишварҳои дигари ҷаҳон маълумот медиҳад.«Ман кӯшиш менамоям, ки бачаҳо баъди хатми машғулият ба забони англисӣ озоду ҷасурона ҳарф зананд, — мегӯяд Нурия Кабрера. – Ҳоло наврасон забони англисиро ба дараҷаи хуб ёд гирифтаанд ва умедворам, ки дар оянда натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтар ба даст меоранд. Ният дорам, ки дар оянда ҳам ба шаҳри Душанбе омада, дар Маркази маърифатии «Мултикид» ба наврасон аз забони англисӣ дарс диҳам».

Июль 15, 2011 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд