Саҳми мақомоти гумруки Тоҷикистон дар ташаккули даромади буҷа
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар давоми 20 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар вазорату идораҳои давлатӣ мақомоти гумрук тавонист ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардад. Ин нуктаро зимни конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди мақомоти гумрук ва таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «, ки 28 июл дар Душанбе доир гардид, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов таъкид намуд. Ӯ афзуд, ки кормандони ин сохтор дар ин муддат тавонистанд дар таъмин намудани амнияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву экологии мамлакат саҳми арзанда гузошта, барои ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат аз тамоми имконоти мавҷуда истифода баранд.«Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Хадамоти гумрук чун ҳомии татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ давраи ташаккули худро анҷом додааст. Айни замон 76 гумруку дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ ва даҳҳо воҳидҳои сохтории гумрукӣ дар қаламрави кишвар фаъолият доранд»,- зикр дошт Н. Маҳмадов.Ҳамзамон, мақомоти гумрук дар ташаккули қисми даромади буҷаи давлатӣ саҳми калон гузошта, барои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон вазифаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқиро анҷом медиҳанд ва ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсири худро мерасонанд.Ҳоло тибқи Созишномаи қарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд дар Хадамоти гумрук татбиқи Системаи ягонаи иттилоотии мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Ташкил ва татбиқи системаи мазкур то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурра ба анҷом мерасад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки фаъолияти пурҷабҳаи гумрукчиён бо самаранокии баланд ва сарфаи ками вақт таъмин гардад.Иштирокчиёни конфронс дар мавзӯъҳои «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук оид ба таъмини бехатарии иқтисодӣ», «Амнияти иқтисодӣ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук» ва «Саҳми мақомоти гумрук дар пешгирии интиқоли молҳои пастсифат» низ маърӯза намуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






