Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда
<!—[if gte mso 9]> Normal 0 false false false MicrosoftInternetExplorer4 <!—[if gte mso 9]> <!—[if gte mso 10]> /* Style Definitions */ table.MsoNormalTable {mso-style-name:»Обычная таблица»; mso-tstyle-rowband-size:0; mso-tstyle-colband-size:0; mso-style-noshow:yes; mso-style-parent:»»; mso-padding-alt:0cm 5.4pt 0cm 5.4pt; mso-para-margin:0cm; mso-para-margin-bottom:.0001pt; mso-pagination:widow-orphan; font-size:10.0pt; font-family:»Times New Roman»; mso-ansi-language:#0400; mso-fareast-language:#0400; mso-bidi-language:#0400;} Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол (аҳолии машғули кор ва бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда) аз рӯи баҳои пешакӣ то 1- уми майи соли 2011 2 млн. 142,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 2 млн. 88 ҳазор нафар ё 97,5 фоизи он дар соҳаҳои иқтисодиёт ба кор машғуланд. Ба 54 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекориро доданд, ки 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз шумораи умумии аҳолии ба кор машғул, шахсони дар рӯйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият 1 млн. 24,7 ҳазор нафар ё 49,1 фоизи шумораи умумии аҳолии ба кор машғулро ташкил медиҳад. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 0,7 фоиз ва нисбат ба моҳи марти соли 2011 0,1 фоиз зиёд шудааст. Дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандони расмӣ (штатӣ) беш аз 30 ҳазор нафар қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта низ фаъолият мекунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






