Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар семоҳаи дуюми соли 2011 ба кишвар 62 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид гашт. Аз ин ҳисоб 53 ҳазор нафарашон сайёҳ арзёбӣ мегарданд, гуфт ба хабарнигорони ВАО раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов.Тибқи таҳлили мутахассисони байналмилалӣ, агар ҳар як сайёҳи хориҷӣ ҳангоми будубош дар мамлакат ба ҳисоби миёна 500 доллари амрикоӣ харҷ намояд, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ ба иқтисодиёти мамлакат 26 миллиону 500 доллари амрикоӣ маблағи нақд ворид гаштааст,- афзуд ӯ.Зикр гардид, ки ба ҳайси сайёҳ ба ҷумҳурии мо бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Хитой, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф овардаанд.Дар маҷмӯъ, ба тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони зиёда аз 70 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






