«20-солагии Истиқлолият» — ҳадяе аз ҷашнвора ба пахтакорон

Август 18, 2011 08:40

Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар натиҷаи дурагакунии ду навъи пахта намудҳои наверо ба вуҷуд оварданд, ки «20-солагии Истиқлолият» ва «Авесто» номгузорӣ шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқот олимон муайян карданд, ки навъҳои мазкур ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ буда, он метавонад навгоние дар соҳаи кишоварзии мамлакат ворид намояд. Бори аввал имсол дар масоҳати 10 сотиқ замин дар ноҳияи Ҳисор навъҳои пахтаи «20-солагии Истиқлолият» ва «Авесто» кишта шуд, ки айни замон нашъунамои он хуб аст.Маврид ба зикр аст, ки ин ду навъи пахта нуриҳои офтобро хуб қабул менамоянд, ки ин хусусият барои нашъунамои дурусти пахта мусоидат менамояд. Аз ҷиҳати ҳосилнокӣ аз ин навъҳои пахта метавон то 45-47 сентнер ҳосил гирифт.

Август 18, 2011 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад