Боғи ҳайвоноти Душанбе соҳиби бузургтарин ҳайвон хоҳад шуд

Август 2, 2011 11:59

Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мудирияти муассисаи давлатии Боғи ҳайвоноти Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо дастгирии шаҳрдории Душанбе ба боғ аз хориҷи кишвар ҳайвони бузургҷусса-филро ворид созад.Чанде пеш ба боғи ҳайвонот аз шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба ивази чор паррандаи нодир- ду сар уқоби ришдор ва 2 сар калмурғ баҳмут оварда шуд, ки он 7 сол дорад. Назар ба иттилои Назаралӣ Сатторов, директори Боғи ҳайвоноти Душанбе баҳмут бо лақаби Турсунбой маъмул буда, вазнаш 1, 5 тонна аст ва дар як рӯз то 50 килограмм сабзавоту гӯшти моҳӣ мехӯрад. Бо ворид намудани ин ҳайвони нодир теъдоди тамошобинони боғи ҳайвонот хеле афзуд, гуфт Н. Сатторов. Дар Боғи ҳайвоноти Душанбе, ки соли 1960 таъсис ёфтааст, алҳол 130 намуди ҳайвонот нигоҳ дошта мешаванд, ки теъдодашон ба 1000 сар мерасад. Боғи ҳайвоноти Душанбе ҷиҳати таъмини ҳайвонҳо бо хӯрокӣ бо як қатор хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ҷумҳурӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст. Ҳамкории Боғи ҳайвоноти Душанбе бо дигар Боғҳои ҳайвоноти кишварҳои хориҷӣ беш аз пеш густариш меёбад. Ин боғ узви Ассотсиатсияи аврупоии минтақавии боғҳои ҳайвонот ва аквариумҳо мебошад.

Август 2, 2011 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд