Бунёди бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл дар шаҳри Душанбе миёни раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва вазири ҳамкориҳои байналмилаии Ҷумҳурии Қатар доктор Холид ал- Атия Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз кумитаи мазкур хабар доданд. Мавриди зикри аст, ки бо имзои ин созишномаи аз ҷониби ширкати қатарии «ад- Диёр» оид ба сармоягузорӣ дар соҳаи амволи ғайриманқул сохтмони масҷиди ҷомеъ ва татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе», ки тавассути маблағгузории Давлати Қатар амалӣ мешаванд, оғоз мегардад. Масҷиди ҷомеъ дорои 150 ҳазор ҷой буда, бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ мебошад. Он аз манораи баландиаш зиёда аз сад метр, ҳафт сутун, ки рамзи ҳафт қабати осмону замин ва дарвозаҳои биҳишт мебошад, ҳавз ва якчанд фаввора, инчунин китобхонаву осорхона ва толорҳои махсуси муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти навтарин барои доир намудани ҷаласаву конфронсҳо иборат хоҳад буд. Дар ҳудуди ҳамшафати масҷид барои Донишгоҳи исломӣ бинои бузурге низ бунёд мешавад. Ҳамзамон, шаҳраки замонавии «Диёри Душанбе» дар канори кӯли «Ҷавонон» сохта шуда, 68 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад ва аз хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, биноҳо ва марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаи панҷситорадор, марказҳои дилхушиву варзишӣ, боғчаи кӯдакон ва ғайраҳо иборад хоҳад буд.Мавриди ёдоварист, ки соли 2008 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, он заминаи ҳуқуқии ҳамкории кишварҳоро дар ҳамаи мавридҳои амалиётҳои сармоягузорӣ фароҳам месозад ва дар навбати худ созишномаи имрӯз ба имзо расонидашуда маҳз масоили татбиқи лоиҳаҳои сохтмони масҷиди ҷомеъ ва шаҳраки замонавии “Диёри Душанбе”-ро фаро мегирад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






