Бунёдкориҳо дар ноҳияи Мурғоб идома дорад
Хоруғ, 3 август (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иттилоъ доданд, рӯзҳои наздик дар ин ҷо бинои дуошёнаи мактаби рақами 9, бинои намояндагии Амонатбонк, терминал, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент ва даҳҳо иншоотҳои дигар мавриди истифода қарор мегирад. Дар болои дарёи Мурғоб пули мошингард бунёд гардид. Ҳафтаи гузашта муовини аввали вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов бо фаъолияти лоиҳакашони нерӯгоҳи барқии «Оқсӯ — 2» ошно гардида, иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ бунёди ин иншоот оғоз мегардад. Ин дуюмин нерӯгоҳи обию барқии ноҳияи Мурғоб буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ бештар бархӯрдор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






