Эмомалӣ Раҳмон аз Сафирони Белорус, Қазоқистон ва Покистон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд

Август 19, 2011 14:49

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус ва сафирони нави Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд. Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус Олга Гаврук, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Агибай Смагулов ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал эътимоднома супурда, изҳор доштанд, ки барои рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳанд кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба роҳбарии намояндагии дипломатии кишварҳои худ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон дар рушди муносиботи дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.Муносиботи Тоҷикистон бо ин се кишвар бо назардошти имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ва заминаи васеи қарордодӣ — ҳуқуқӣ дорои дурнамои хубу пурманфиат барои ҳамаи ҷонибҳо арзёбӣ гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 19, 2011 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд