Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Ҷопон таҳсил мекунанд
Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бо мадади Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон 28 август гурӯҳи мутахассисони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷопон ба ин кишвар сафар мекунад.Тавре дар намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мувофиқи ин лоиҳа, ки аз соли 2008 инҷониб дар амал татбиқ мешавад, ҳукумати Ҷопон тайи 4 сол барои гузоштани саҳм ба такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки миллии Тоҷикистон кӯмак мекунад.Имсол ба ҳайати гурӯҳ 2 намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, як намояндаи Вазорати молия ва намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дохил шудаанд, ки аз рӯи барномаи ташаккули механизми гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ дар Донишгоҳи Ритсумэйкани Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷопон мераванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






