Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чин Чжан Чунсян

Август 24, 2011 08:20

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар»).- 23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки беш аз 60% ҳаҷми умумии мубодилаи молу маҳсулоти Тоҷикистону Чин бо Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури ин кишвари ҳамсоя рост меояд. Аз фаъолияти босамари ширкатҳои соҳибнуфузи ин минтақа чун Зи ҷин, Ти Би Эй ва Чайна глобал изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Бо ишора ба он, ки беш аз 70% табодули молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии баландкўҳи Кулма -Қаросу ҷараён мегирад, таъкид гардид, ки кори он бояд дар тамоми фаслҳои сол дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монда шавад.Ба густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ, маориф, сайёҳӣ ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки кишоварзони Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур метавонанд дар бахшҳои зироаткорӣ, боғутокпарварӣ, коркарди саноатии меваю сабзавот ва нахи пахтаю пила ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 24, 2011 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад