Сафари кории Э. Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд

Август 8, 2011 09:06

Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз 6 август сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд идома ёфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як муассисаи нави истироҳатӣ ва солимгардонии наврасону ҷавонон иштирок намуд.Тавре зикр гардид, ин иншоот дар зарфи қариб 4 соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, барои истироҳату фароғат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии мактаббачагони хушлаёқат аз тамоми гўшаҳои кишвар пешбинӣ шудааст.Иншооти мазкур дорои бинои маъмурият, 6 бинои хобгоҳ бо 240 кати хоб, утоқҳои табобатӣ, ошхона, толори намоиши кино, амфитеатр, ҳавзҳои муҷаҳҳазу ҳозирзамони шиноварӣ, корти теннис, майдонҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол, волейбол, баскетбол, пайконзанӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва майдончаҳои бозиҳои гуногун барои хурдсолон мебошад.Тамоми толору майдонҳои варзишӣ бо шароити мувофиқ ба талаботи машқу тамрини варзишгарони касбии сатҳи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Аз ҷумла ҳавзи болопўшидаи даруни толор, ки обаш гарм карда мешавад ва ҳам ҳавзи тобистонаи воқеъ дар майдони варзишӣ ба стандартҳои муосир ҷавобгў мебошанд. Аснои боздид Сарвари давлат дар синфу толорҳои дарсӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ бо мактаббачагони хушлаёқат ва варзишгарони наврас, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҷойҳои намоён сазовор гардидаанд, сўҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди чунин иншоот ва ғамхорӣ ба кўдакону наврасон изҳори хушнудӣ карда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароғати насли ояндаи кишвар ба масъулин ҳидоятҳои муфид дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки катҳои дуқабатаи хоб оварда, шумораи истироҳаткунандагонро дар як баст аз 240 ба 480 нафар расонанд. Тавре зикр гардид, ҳудуди васеи истироҳатгоҳ ва биноҳои сершумори он барои зиёд намудани шумораи истироҳаткунандагон имкон медиҳад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда сохтмони марҳилаи дуюми биноҳои истироҳатгоҳро оғоз бахшид. Зимни суханронии табрикӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки минбаъд дар ин ҷо барои истироҳат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии 1000 нафар дар як баст шароит муҳайё мегардад. Дар ин ҷо, ҳамчунин як бинои таълимӣ барои дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои гуногуни хонандагон ва омодагӣ дидани онҳо ба олимпиадаҳои мактабӣ бунёд меёбад. Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст як маҷмааи варзиши обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Чунонки аён гардид, иншооти мазкур аз 3 ҳавзи болопўшида иборат аст. Дарозию паҳноии ҳавзи калон 50х21 ва аз ду ҳавзи хурд, ки барои кўдакону наврасон пешбинӣ шуудаанд, 25х12 мебошад. Дар қабати дуюми ду паҳлуи толори калони ҳавзи шиноварӣ барои 1000 нафар тамошобинон ҷойҳои нишаст омода гаштаанд. Шароити дар ин ҷо муҳайёгашта барои гузарондани бисёр намуди мусобиқаҳои варзиши шиноварӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқ аст.Оби ҳавзҳо бо таҷҳизоти махсуси муосир гарм карда шуда, пайваста тоза нигоҳ дошта мешавад. Дар фасли зимистон фарши толорҳо бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ гарм мешавад.Дар ошёнаи якуми маҷмаа ҳаммом бо ду толори алоҳида барои занон ва мардон ҷойгир шудааст.Маҷмааи мазкур, ҳамчунин дорои толори бозии сақозанӣ ё худ билярд ва утоқҳои масҳи бадан ва дигар амалиёти солимгардонӣ мебошад.Бегоҳии рўз дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости Сирдарё ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайкараи бошукўҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт. Дар суханронии табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки пайкараи Исмоили Сомонӣ ва ороишоти атрофи он дар зарфи як соли охир аз ҷониби ширкатҳои меъморию сохтмонии ватанӣ бунёд ёфтааст.Ин пайкараи зебо офаридаи ҳайкалтарош ва гудозгари бадеӣ Мансур ҳоҷибоев буда, аз металли ранга сохта шудааст. Баландии худи пайкара 13 метр ва бо таҳкурсиаш 27 метр мебошад.Нишони дасти Исмоили Сомонӣ ва тоҷи сараш бо оби тилло рўпўш гардидааст. Маълумоти деворнигораҳои ду паҳлўи зинапояҳо ва 4 паҳлўи таҳкурсии пайкара аз ташкилёбӣ ва таърихи давлати Сомониён мухтасар ҳикоят мекунанд. Дар атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ 5 фаввораи гуногун бо ҳамсадоии мусиқии форам кор мекунад. Чароғҳои рангоранги рўшноидиҳанда, зинапояҳои зебо ва сабзаю кабудизор аз ҷумлаи ороишоти атрофи пайкара мебошанд.Дар майдони назди пайкараи навбунёди Исмоили Сомонӣ, ки ба мавзеи зебою дилкаши сайру тамошо табдил ёфтааст, ба истиқболи 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ин макони ифтихорафзо базму тараби бошукўҳи идона ороста шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттлоъ доданд.

Август 8, 2011 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 иншоот сохта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад
Дар ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Ҳар яки мо барои таҳкими ваҳдати сартосарӣ вазифадорем», — бардошт аз конференсия дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб