Таваҷҷӯҳи «KASB FINANCE» ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Август 26, 2011 11:38

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаи сармоягузории ширкати «KASB FINANCE» дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, бонкдорӣ ва ғайра чанде қабл, дар ҷараёни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо раиси ширкати «KASB FINANCE» Насир Алӣ Шоҳ Бухорӣ баррасӣ гардид.Д. Саидов оид ба самтҳои фаъолияти Кумита, соҳаҳои афзалиятноку судманд ва воқеияти фазои сармоягузории кишвар маълумоти мухтассар пешниҳод намуда, ҷиҳати ҳамкорӣ изҳори омодагӣ кард. Вай гуфт, ки яке аз намудҳои эҳтимолии сармоягузорӣ ин ташкили фонди муштарки сармоягузорӣ метавонад буд, ки тавассути он татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноку судманд амалӣ хоҳанд шуд.

Август 26, 2011 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад