Васли таҷҳизоти нав

Август 1, 2011 08:30

Хоруғ, 1 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Таъмини мӯътадили истеъмолкунандагон бо қувваи барқ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати хизматрасонии он омили беҳбуди зиндагии мардум аст, гуфт менеҷери ширкати «Помирэнержи» Биёбоншоҳ Парпишоев. Аз ин хотир имрӯз баробари таъмиру таҷдиди дастгоҳҳо мутахассисони он ҳамвора ба ивазкунии қисме аз таҷҳизот, ки мӯҳлати истифодааш қатъ гардид, шурӯъ намуда, ба ҷои онҳо таҷҳизоти нави замонавӣ ва ба талаб ҷавобгӯ насб мекунанд. Бо дархости роҳбарияти ширкати барқии Помир аз Давлати Чин ба ин ҷо таҷҳизоти замонавӣ дастрас гардид, ки др баланд бардоштани эътимодияти зеристгоҳҳо ҳамто надорад, Ин таҷҳизоти нав аслан ба фаъолияти мӯътадили зердастгоҳҳои самти Хоруғ — Рӯшон мусоидати хубе хоҳад намуд.
 
Дар ин самт дар шабакаҳои интиқоли нерӯи барқи 35 киловатта корҳои муайяне сомон дода шуданд. Насбу васли таҷҳизоти навро худи коршиносони ширкати «Чинт» — и давлати Чин ба ӯҳда доранд.

Август 1, 2011 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд